Май 11, 2020 16:55 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Эрон аз давлати Ироқ ба таври комил ҳимоят хоҳад кард

Раиси Ҷумҳурии Эрон таъкид кард: Эрон ҳамчун ҳамеша аз давлати Ироқ барои муваффақиятҳояш ба нафъи миллати ин кишвар ба таври комил ҳимоят хоҳад кард.

Бино ба гузориши радиои Садои Хуросон "Ҳасан Руҳонӣ" Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо "Мустафо Козимӣ" нахуствазири Ироқ бо баёни ин, ки истиқлол, суботи сиёсӣ, ҳокимияти миллӣ ва якпорчагии ин кишвар барои Эрон бисёр ҳоизи аҳамият аст, изҳори умедворӣ кард: равобити дӯстона ва муносибати Теҳрон - Бағдод беш аз пеш тавсеа ва густариш ёбад.

Руҳонӣ бо ишора ба зарурати таъмин ва барқарории сулҳу субот дар минтақа таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамон тавр, ки дар мубориза бо ДОИШ дар канори миллати Ироқ буд, акнун низ барои таъмини суботу пешрафти Ироқ бо ҳамон тавон дар канори давлати ин кишвар хоҳад буд.

Раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин бо таъкид бар зарурати иҷроӣ ва амалиётӣ шудани тавофуқҳои қаблии миёни Теҳрон ва Бағдод, зарурати табодулоти тиҷорӣ аз тариқи марзҳои заминии ду кишвар ва ҳамчунин фаъол шудани бозорчаҳои марзиро мавриди ишора қарор дод.

Руҳонӣ дар идома бо ишора ба шуюи вируси корона дар ҷаҳон, ҳамкорӣ, табодули иттилоот ва дониши ду кишвар дар ин заминаро зарурӣ хонд ва бар ироаи ҳар гуна кумак ба Ироқ дар роҳи мубориза бо вируси корона эъломи омодагӣ кард.

Нахуст вазири Ироқ низ Ҷумҳурии Исломии Эронро кишвари дӯст ва бародари Ироқ донист ва таъкид кард: теъдоди кумакҳои Эрон ба унвони як кишвари калидии минтақа дар барқарории амният ва субот дар Ироқ, ба вижа дар мубориза бо ДОИШ-ро ҳаргиз фаромуш намекунад.

"Мустафо Козими " ҳамчунин бо таъкид бар зарурати тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон ва Ироқ, бозгушоии марзҳои заминӣ ва аз саргирии  табодулоти колоиро муҷиби равнақи равобити иқтисодии ду кишвар донист.