Май 12, 2020 12:46 Asia/Dushanbe
  • Паёми Рӯҳонӣ ба амири Кувейт, таъкид бар тақвияти равобити дуҷониба

Сафири Эрон дар Кувейт паёми Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси ҷумҳури Эрон ба Шайх Саббоҳ Ал-Ҳамад Ал-Саббоҳ- амири Кувейтро ба қоиммақоми вазорати умури хориҷаи ин кишвар таҳвил дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммади Эронӣ- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кувейт  дар дидор бо Холид Ҷорулло- қоиммақоми Вазорати умури хориҷаи Кувейт зимни таслими паёми раиси ҷумҳури Эрон ба амири Кувейт, бар сиёсати усулии ҷумҳурии исломӣ дар тақвияти равобити дуҷониба ва талоши Теҳрон ба густариши ҳамкорӣ дар дигар заминаҳо бо кишварҳои ҳамҷавор таъкид кард. Қоиммақоми Вазорати умури хориҷаи Кувейт низ бо ишора ба пайгирии иқдомоти Эрон дар контроли шуйюи коронавирус, тасмимот ва иқдомоти давлат ва кадри дармонии Эронро қобили таваҷҷуҳ хонд ва хоҳони идомаи ройзанӣ ва машваратҳои ду кишвари ҳамсоя дар мавриди масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ шуд.