Паёми таслияти Раҳбари Инқилоб дар паи шаҳодати ҷамъе аз неруҳои артиши Эрон
(last modified Wed, 13 May 2020 06:41:07 GMT )
Май 13, 2020 11:41 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари Инқилоб дар паи шаҳодати ҷамъе аз неруҳои артиши Эрон

Раҳбари Инқилоби исломӣ ба шаҳодат расидани ҷамъе аз неруҳои артиши Ҷумҳурии исломии Эронро дар ҳодисае барои новчаи Кунорак таслият гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманӣ фармондеҳи муаззами кули қувои Эрон рӯзи сешанбе дар паёме ба Амир сарлашкар Сайид Абдураҳим Мусавӣ фармондеҳи кули артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, сабр ва тасалои хонаводаҳои доғдор ва шифои осебдидагони ин ҳодисаро аз Худованди мутаол масалат карданд.

Эшон афзуданд ; гарчи коркунони заҳматкаши,ки ҳангоми хидмати душвор ва бо ифтихор ҷон бохтанд аз подош ва савоби иллоҳӣ бархурдоранд, вале ғами аз даст додани азизон барои хонаводаҳои онон ва хасорати фиқдони ҷавонони самимии пурталош барои неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон,басе бузург ва сангин аст.

Новчаи пуштибонии сабуки Кунорак рӯзи якшанбе ҳангоми анҷоми тамрини дарёӣ дар обҳои Ҷосак ва Чобаҳор дар ҷануби Эрон дучори ҳодиса шуд ва 19 нафар аз неруҳои ин новча ба шаҳодат расиданд.