Май 14, 2020 09:23 Asia/Dushanbe
  • 25 урдибиҳишт ; рӯзи постдошти забони форсӣ ва бузургдошти Фирдавсӣ

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва санойеи дастии Эрон, рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро ба ҳамаи дӯстдорони фарҳанг , забон ва адаби порсӣ табрик гуфт.

25 урдибиҳишт  ( 14 моҳи май ) рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳамосасаро ва шоири бузурги эронӣ аст.

Алиасғар Мунсон вазири мероси фарҳанг , гардишгари ва санойеи дастии Эрон дар паёме ба муносибати ин рӯз таъкид кард бузургдошти Ҳаким Фирдавсӣ ва посдошти Шоҳнома, такрими арзишҳои миллӣ ва боварҳои динӣ ва мазҳабии мардуми Эрон аст.

Мунисон бо баёни ин ,ки шоҳнома аз оғоз то имрӯз ба яке аз намодҳои таърих ва фарҳанги форсизабонон бадал шудааст, афзуд ; эрониён аз ду манзар вомдори Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳастанд ; яке таваҷуҳ ба меҳан ва дуввум таваҷуҳ ба забон ва адёни форсӣ ,ки бузургтарин паёми Шоҳнома барои мардуми Эрон аст.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 940  -1020 милодӣ дар шаҳри Тувс дар шимол шарқи Эрон дида ба ҷаҳон кушод.

Ӯ бегумон бузургтарин шоири порсигу аст ва асари арзишмандаш Шоҳнома арзандатарин шоҳкори забон, андеша ва фарҳанги эронӣ аст ,ки бисёре аз пажуҳишгарон онро бузргтарин ҳамосаи ҷаҳон хондаанд.