Май 16, 2020 16:13 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус дар Эрон, хабари умедбахш пас аз 70 рӯз

Пас аз 70 рӯз теъдоди мавориди фавти бархоста аз КОВИД-19 дар Эрон ба камтар аз 40 нафар расид.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур- раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон охирин омори марбут ба коронавирус  дар Эронро ироа кард.

Ҷаҳонпур гуфт: Дар 24 соати гузашта, ҳазору 757 бемори ҷадид шиносоӣ шуданд, ки бад-ин  тартиб  то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 118 ҳазору 392 нафар дар Эрон ба коронавирус олуда шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 35 нафар дар 24 соати гузашта гуфт:  Мавориди фавти бархоста  аз КОВИД-19 дар Эрон ба шаш ҳазору 937 нафар расидааст.

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти  Эрон афзуд: Имрӯз баъд аз 70 рӯз, теъдоди мавориди фавти рӯзона ба камтар аз 40 маврид расид.

Ба гуфтаи Ҷаҳонпур то кунун ҳудуди 673 ҳазор озмоиши ташхиси КОВИД-19 дар Эрон анҷом шудааст.