Май 18, 2020 11:09 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Амрикоиҳо бетардид аз минтақа ихроҷ хоҳанд шуд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри рӯзи якшанбе дар нишасте тасвирӣ бо маҷмуае аз ҷавонони донишҷӯ ва ташкилотҳои донишгоҳӣ гуфтанд: Амрикоиҳо бетардид аз Ироқ ва Сурия ихроҷ хоҳанд шуд.

Ба гузоирши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дидори солонаи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо намояндагони ташкилотҳои донишҷӯии Эрон, ки ҳамасола моҳи мубораки Рамазон баргузор мешавад имсол ба далели ҳамагирии коронавирус ба сурати маҷозӣ (онлайн) баргузор шуд.

Дар ин дидор раҳбари инқилоби исломӣ, ҷангафрӯзӣ дар кишварҳо аз ҷумла Афғонистон, Ироқ ва Сурияро аз далелҳои манфур будани Амрико баршуморданд ва гуфтанд: Амрикоиҳо ба сироҳат мегуянд дар Сурия неруи низомӣ пиёда кардем чун онҷо нафт вуҷуд дорад, албатта онҳо на дар Ироқ на дар Сурия монданӣ нестанд ва қатъан бояд аз онҷо хориҷ шаванд ва бидуни тардид ихроҷ хоҳанд шуд.

Ишон аз оташ задани парчами Амрико дар бисёре аз кишварҳои дунё ва ҳатто дар дохили худи Амрико ба унвони яке аз мисдоқҳои нафрати миллатҳо аз ин режим ёд кардаанд ва афзуданд: Илова бар миллатҳо, ҳатто раисони бархе давлатҳои ҳамкори Амрико низ вақте ҳарфи дилашонро баён мекунанд аз давлатмардон ва ҳукумати Амрико мутанаффир ва ба он беэътимод ва беэътино ҳастанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бахше аз нафрати кунунӣ аз Амрикоро бархоста аз рафтори масъулони феълии он аз ҷумла раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи каммоя, пурҳарф, бемантиқ ва газофагӯи ин режим донистанд ва хотирнишон карданд: Албатта иллати нафрат аз Амрико фақат ин масъала нест, балки ба амалкарди баландмуддати Амрико аз ҷумла куштор, ҷиноят, беадолатӣ, террористпарварӣ, кумак ба давлатҳои истибдодӣ ва бадном, ҳимояти бедариғ аз зулми рӯзафзуни режими саҳюнистӣ ва ахиран мудирияти бад дар мавзӯи коронавирус бар мегардад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин нишаст ҳамчунин ба истодагии сареҳ ва қудратмандонаи кишвар дар баробари зӯргӯиҳо ва иқтидори миллии кунунӣ ишора ва тасреҳ карданд: Албатта ин нукта дар назар бошад, ки душман аз талош барои таҳқири миллат ва махдуш кардани эътимоди нафси миллӣ ноумедкунанда нашудааст, аммо бо вуҷуди талошҳои душман, Худованд хилофи онро тақдир кардааст.

Раҳбари муззами инқилоби исломӣ афзуданд: Ҳамин мавзӯъҳои марбут ба коронавирус аз ҷумла наҳваи мудирияти ин беморӣ дар кишвар дар муқоиса бо Ғарб, талошҳои илмӣ барои шинохти ин вирус ва наҳзати азими кумаки муъминона ва ҳамчунин партоби моҳвора, муҷиби эҳсоси қудрат ва иззати бештаре дар миллати Эрон шудааст.

 

Барчасп