Футшал, таркиби ҳаяҷонангези футбол ва шолизор
Дар фасли кошти кучати биринҷ дар вилоятҳои шимолии Эрон бозии ҳаяҷонангезе ба номи футшал ривоҷ дорад, ки мавриди таваҷҷуҳи Конфедератсияи футболи Осиё қарор гирифт.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, футшал таркибе аз калимаи футбол ва шолизор аст.
Ин риштаи варзишӣ дар фасли кошти кучати биринҷ дар шолизорҳои вилояти Мозандарон ва Гилон ривоҷ дорад.
Ин мусобиқаҳо маъмулан дар моҳҳои апрел ва май баргузор мешавад ва қавонини хосси худро дорад ва албатта бо истиқболи фавқулодаи мардум низ ҳамроҳ аст.
Футшал дар замине ба тули 50 ва арзи 25 метр баргузор мешавад ва ҳар тим 9 футболбоз дар дохили замин дорад.
Як гузоришгар ҳам бо ҳаяҷони боло мусобиқаҳоро гузориш мекунад.
Дар ин бозӣ, ки ба қудрати бадании болое ниёз аст, голҳои зиёде зада мешавад.