Ҳушдори Эрон ба Амрико дар бораи ҳаргуна моҷароҷӯӣ зидди нафткаши Эрон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи ҳаргуна иқдоми нобихирадонаи Амрико зидди нафткашҳои эронӣ ҳушдор дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидаббоси Мусавӣ- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо ишора ба бархе иқдомоти ғайриқонунии Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико гуфт: Агар Амрико аз кишваре хушаш намеояд далел намешавад, ки монеи мубодилаи қонунӣ миёни кишварҳо шавад ва барои кишварҳо музоҳимат эҷод кунад.
Мусавӣ таҳдиди мақомоти амрикоӣ ба тавқифи нафткаши эронии дар роҳи Венесуэларо бешармона донист.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки оқибатҳои ҳар иқдоми нобихирадона зидди киштиҳои Эрон ба уҳдаи Амрико хоҳад буд, гуфт: Агар амрикоиҳо иқдоме зидди равуои озод ва қонунии киштиҳои Эрон анҷом диҳанд, бо вокуниши қотеъ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Мусавӣ ҳамчунин бо ибрози хурсандӣ аз таҳаввулоти сиёсӣ дар Ироқ ва Афғонистон гуфт: Давлати Ироқ мавриди ҳимояти Теҳрон аст ва ҳамчунин Эрон аввалин кишваре буд, ки аз тафоҳум дар Афғонистон истиқбол кард.
Вай бо ишора ба нақши Эрон дар расидан ба тафоҳуми сиёсӣ дар Афғонистон тасреҳ кард: Бар хилофи бархе аз кишварҳо, ки ба дунболи ҳадафҳои шум ҳастанд, Афғонистони амн ва босубот барои Эрон дар авлавият аст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба дар пеш будани Рӯзи ҷаҳонии Қудс таъкид кард: Баргузории Рӯзи Қудс то поёни ишғолгарӣ ва ҷинояти саҳюнистҳо идома хоҳад дошт.