Май 18, 2020 18:33 Asia/Dushanbe
  • Генерал Ризоӣ: Эрон парчамдори муқобила бо истикбори ҷаҳонӣ аст

Ҷонишини фармондеҳи неруи интизомии Эрон гуфт: Эрон тамоми муодилот ва манофеи номашруи истикбори ҷаҳонӣ, ба вижа давлат ва артиши террористии Амрикоро ба ҳам зада аст.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, генерал "Қосим Ризоӣ" ҷонишини фармондеҳи неруи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар маросиме дар Язд, маркази Эрон, бо баёни ин, ки истикбори ҷаҳонӣ ҳар рӯз ба думболи эҷоди тутеа ва фитнаи моҷарои ғарқ шудани атбои афғон дар нуқтаи сафари марзӣ аст. Генерал Ризоӣ бо ишора ба ин, ки Эрон 40 сол  мизбони беш аз се миллион нафар аз мардуми Афғонистон аст, таъкид кард: ба ҳеҷ унвон намешавад фитнаи ғарқ шудани атбои афғонистониро ба марзбонони Эрон нисбат дод ва ин мавзӯ дуруст нест.

Ҷонишини фармондеҳи неруи интизомии Эрон бо баёни ин, ки ҳамоҳангӣ ва ҳамкории бисёр хубе байни марзбонони Эрон ва Афғонистон вуҷуд дорад,  афзуд: бо вуҷуди ҳамкорӣ ва таомули наздики байни ду кишвар, матраҳ кардани фитнаи ғарқ шудани атбои афғон дар нуқтаи сифри марзӣ боиси муноқиша ва расонаҳои хориҷӣ шудааст ва мардуми афғон ба ин амалҳои бадахлоқона посух хоҳанд дод.