Май 18, 2020 20:40 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии сомонаи Ковид-19 тасаввути пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом

Сарпарасти пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом аз роҳандозии сомонаи намогари Ковид-19 дар ин пойгоҳ хабар дод.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, Муҳаммадҷавод Деҳқонӣ сарпарасти пойгоҳи истиноди улуми ҷаҳони ислом дар нишасти хабарии видео-конфронсӣ бо пажуҳишгоҳи миллии уқёнусшиносӣ ва улумҷӯии Эрон гуфт: сомонаи намогари Ковид-19 бо ҳадафи тасреъ дар фароянди иттилорасонӣ дар бораи ин вирус ва низ таъмини ёфтаҳои ҷадиди илмӣ муртабид бо корона, роҳандозӣ шудааст. 

Деҳқонӣ афзуд: иттилооти пойгоҳи истиноди улуми ҷаҳони ислом рӯзе се маротиба барӯзрасонӣ мешавад ва дар ҳоли ҳозир илова бар ироаи омори лаҳзаӣ аз теъдоди мубталоён, маргу мир, дармоншудагон ва соири маворид, беш аз 9 ҳазор мақолаи тамомматн муртабит бо коронаро дар худ дорад. 

Сарпарасти пойгоҳи истиноди улуми ҷаҳони ислом бо ишора ба инки, бо интишороти мақолоти ҷадид, ба иттилооти сомонаи намогари Ковид-19 афзуда мешавад тасреҳ кард: роҳандозии ин сомона тавассути пойгоҳи истиноди улуми ҷаҳони ислом дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ бо истиқболи хубе мувоҷеҳ шуда ба гунае, ки дар ҳоли ҳозир ин сомона вебгоҳи кишварҳои узви D8 (Эрон, Индонезия, Бангладеш, Покистон, Туркия, Малайзия, Миср ва Нигерия ))низ боргузорӣ шудааст.