Беҳбудии ҳудуди 96 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
(last modified Mon, 18 May 2020 16:24:25 GMT )
Май 18, 2020 21:24 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 96 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Вазорати беҳдошти Эрон эълон кард: то кунун 95 ҳазору 661 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар кишвар беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, Киёнуш Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон, бо баёни инки, дар 24 соати гузашта, 2 294 нафар бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд, афзуд: то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 122 ҳазору 492 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд. 

Ҷаҳонпур афзуд: аз байни мубталоёни ҷадид, 534 мавриди бистарӣ ва 1760 мавриди сарпоӣ ва аз афроди дар тамос бо мубталоён буданд, ки шиносоӣ  шуданд. 

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 69 нафар дар 24 соати гузашта, гуфт: фавти ноши аз вируси корона дар Эрон ба 7 ҳазору 57 нафар расидааст. 

Бу гуфтаи Ҷаҳонпур токунун ҳудуди 702 ҳазор озмоиши ташхиси Ковид-19  дар Эрон анҷом шудааст.