Амирабдуллоҳиён: Ҳимояти Эрон аз Сурия то шикасти комили терроризм идома дорад
Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал гуфт: Ҳимоятҳои Эрон аз Сурия то шикасти комили терроризм ҳамчунон идома хоҳад дошт.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён- дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал дар дидори Аднон Ҳасан Маҳмуд- сафири Сурия дар Теҳрон, ба собиқаи деринаи муносиботи ду кишвар ишора кард ва афзуд: Эрон ва Сурия ҳамвора аз равобити мумтоз ва роҳбурдӣ бархурдор буда ва ҳастанд.
Амирабдуллоҳиён бо ишора ба аҳамияти ҳамкории парлумонии Эрон ва Сурия тасреҳ кард: Густариши иртибототи парлумонӣ, нақши муассире дар тавсеаи ҳамкории муштарак дорад ва дипломасии парлумонии ду кишвар ба амалисозии сулҳ ва амният дар минтақа кумаки муассире мекунад.
Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал ҳамчунин бар аҳамияти ҳамкории иқтисодии Теҳрон ва Димишқ таъкид кард ва гуфт: Дар поёни маҳдудияти иҷроии муқобила бо коронавирус, бояд туризми сайёҳатӣ ва зиёратии ду кишвар амалиётӣ шавад.
Амирабдуллоҳиён дар бораи ҳамкории роҳбурдии Эрон, Русия ва Сурия низ изҳор кард: Теҳрон, Маскав ва Димишқ ҳамкории роҳбурдии худро идома хоҳанд дод ва муқобила бо таҳримҳои иқтисодии золимонаи душманон, аз манфиатҳои ҳамкориҳои ҷиддии се кишвар ба шумор меравад.
Аднон Ҳасан Маҳмуд- сафири Сурия дар Эрон низ дар ин дидор равобити ду кишварро роҳбурдӣ донист ва гуфт: Мардум ва давлати Сурия қадрдони ҳимоятҳои муассири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд.