Беҳбудии ҳудуди 99 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
(last modified Wed, 20 May 2020 12:02:46 GMT )
Май 20, 2020 17:02 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 99 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард: То кунун 98 ҳазору 808 нафар аз мубталоён ба корона дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур- раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон, бо баёни ин ки дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 346 бемори нав шиносоӣ шудаанд, афзуд: Аз байни мубталоёни нав, 457 маврид бистарӣ ва ҳазору 889 маврид бемори сабук ва аз афроди дар тамос бо мубталоён буданд, ки шиносоӣ шуданд.

Ҷаҳонпур ёдовар шуд: То кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 126 ҳазору 949 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд.

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 64 нафар дар 24 соати гузашта, гуфт: Фавти бархоста аз вируси корона дар Эрон ба 7 ҳазору 183 нафар расидааст.