Май 21, 2020 16:42 Asia/Dushanbe
  • Баргузории иҷтимоъ ва пӯйиши Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба сурати маҷозӣ

Ба далели хурӯҷи коронавирус ва вуҷуди маҳдудият дар баргузории таҷаммӯот, иҷтимои бузурги ҳомиёни Фаластин дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба сурати маҷозӣ баргузор хоҳад шуд.

Мардуми инқилобии Эрон ва соири озодихоҳони ҷаҳон, ҷиҳати ҳузур дар иҷтимои бузурги ҳомиёни Фаластин, метавонанд бо муроҷиа ба сайти байналмилалӣ ва чандзабонаи www.qudsday.net, зимни сабти ном, дар канори дигар миллатҳои ҷаҳон дар ин иҷтимоъ ва пӯйиши бошукӯҳи ҷаҳонӣ ширкат карда ва Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва масъалаи Фаластинро гиромӣ доранд.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазон ба ибтикори Имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Рӯзи ҷаҳонии Қудс имсол 22 май, баробар бо 28 рамазони 1441 ҳиҷрии қамарӣ аст.

 

Барчасп