Май 22, 2020 13:42 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Арсаи ҷиҳод дар ҳамаи сарзаминҳои фаластинӣ густариш ёбад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар зарурати идомаи мубориза ва густариши арсаи ҷиҳод дар ҳамаи сарзаминҳои фаластинӣ хотирнишон карданд: Бегумон вируси саҳюнизм дере намепояд ва бо ҳиммату имон ва ғайрати ҷавонон, аз ин минтақа решакан ва изола (дур) хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар суханоне ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс, бо ишора ба кушуда шудани фасли ҷадиде дар мубориза барои Фаластин баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ ва зуҳури ҷабҳаи муқовимат ва тағйири мувозинаи қудрат ба нафъи муборизон, ҳафт тавсияи муҳимро дар хусуси идомаи ҷиҳоди бузург ва муқаддаси кунунӣ баён карданд.

“Маҳдуд накардани мавзӯи Фаластин ба як масъалаи сирфан фаластинӣ ва ё ҳаддиаксар арабӣ”, “озодии ҳамаи сарзамини Фаластин аз баҳр то наҳр ва бозгашти ҳамаи фаластиниён ба сарзамини хеш”, “парҳез аз эътимод ба қудратҳои золими ғарбӣ ва ҷомеаҳои вобастаи ҷаҳонӣ ва бархе давлатҳои дунболарав ва беобрӯи минтақа”, “хост ва мутолибаи ҷиддии ҷавонони ғайратманд дар ҷаҳони Ислом”, “мубориза бо воқеиятҳои муҳлик ва зиёнбахш”, “идомаи мубориза ва густариши арсаи ҷиҳод дар ҳамаи сарзаминҳои фаластинӣ” ва “баргузории ҳамапурсӣ аз ҳамаи адён ва ақвоми фаластинӣ” ҳафт тавсияи муҳими ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ буд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъйини рӯзи Қудсро ибтикори ҳушмандонаи имом Хумайнӣ (раҳ) ва ҳалқаи васли мусулмонон барои ҳамсадоӣ дар бораи Қудси шариф ва Фаластини мазлум хонданд ва бо ишора ба истиқболи миллатҳо аз рӯзи Қудс гуфтанд: “Сиёсати умдаи истикбор ва саҳюнизм камранг кардани масъалаи Фаластин дар зеҳнияти ҷавомеи мусулмон ва ба самти фаромӯшӣ рондани он аст, аммо фавритарин вазифа, мубориза бо ин хиёнат аст ва қатъан ғайрату эътимод ба нафс ва ҳушмандии рӯзафзуни миллатҳои мусулмон иҷозаи фаромӯш шудани онро нахоҳад дод”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо гиромидошти ёди шаҳидони Қудс аз шайх Аҳмад Ёсин ва Фатҳи Шиқоқӣ ва Сайид Аббос Мусавӣ то сардори бузурги Ислом ва чеҳраи фаромӯшнашудании муқовимат - шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва муҷоҳиди бузурги ироқӣ - шаҳид Абумаҳди Ал-Муҳандис ва дигар шуҳадои Қудс хотирнишон карданд: Омил ва муҷрими аслии фоҷеаи ғасби кишвари Фаластин ва ташкили ғуддаи саратонии саҳюнистӣ, давлатҳои ғарбӣ ва сиёсатҳои шайтонии онҳо буд. Он чӣ қатъан бояд биравад, низоми саҳюнистӣ ва саҳюнизм аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ин ки имрӯз ҷабҳаи муқовимат рӯ ба иқтидор ва умеди физоянда ва ҷазби рӯзафзуни аносири қудрат пеш меравад ва баръакс ҷабҳаи зулму куфру истикбор рӯз ба рӯз тиҳитар ва маъюстару камтавонтар мешавад, хотирнишон карданд: Нишонаи равшани ин муддао он аст, ки артиши саҳюнист, ки як рӯз артиши шикастнопазир ва барқосо шумурда мешуд, имрӯз дар баробари нерӯҳои муборизи мардумӣ дар Лубнон ва Ғазза маҷбур ба ақибнишинӣ ва эътироф ба шикаст мешавад. Бо ин ҳол, арсаи мубориза ба шиддат бузург ва тағйирпазир ва ниёзманди муроқибати доимӣ аст ва мавзӯи ин мубориза басе муҳим ва сарнавиштсозу ҳаётӣ аст.