Беҳбудии беш аз 104 ҳазор нафар аз беморони КОВИД-19 дар Эрон
(last modified Sat, 23 May 2020 12:50:15 GMT )
Май 23, 2020 17:50 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 104 ҳазор нафар аз беморони КОВИД-19 дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 104 ҳазору 72 нафар аз беморони КОВИД-19 дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур- раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърсонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори марбут ба коронавирус дар Эрон гуфт: Дар 24 соати гузашта ҳазору  869 бемори нав шиносоӣ шудаанд.

Ҷаҳонпур афзуд: Аз байни мубталоёни нав, 386 маврид бистарӣ шуданд ва ҳазору 483 мавриди  дигар низ, ки аз афроди дар тамос бо беморон буданд пас аз муоина давраи дармони худро дар хонаҳои худ хоҳанд гузаронд.

Вай гуфт маҷмӯи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 133 ҳазору 521 нафар расидааст.

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 59 бемор дар 24 соати гузашта, гуфт: Мавориди фавти бархоста аз коронавирус дар Эрон ба ҳафт ҳазору 359 нафар расидааст.

Теъдоди беморони КОВИД-19 дар ҷаҳон низ ба ҳудуди панҷ миллиону 325 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 340 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз ду миллиону 170 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.