Вуруди Эрон ба марҳалаи рафъи комили коронавирус
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон дар мубориза бо коронавирус вориди марҳалаи рафъи комили беморӣ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо коронавирус гуфт: Эрон дар иртибот бо корона, аз се марҳалаи «эъломи дақиқи беморӣ», «ҳолати хатарноки корона» ва «фосилагирии ҳушманд» убур карда ва вориди марҳалаи чаҳорум яъне «марҳалаи рафъи комили корона» шудааст.
Раиси ҷумҳури Эрон таъкид кард: Дар марҳалаи чаҳорум, назоратҳо ва ташхиси беморӣ бо ҳадафи суръат ёфтани раванди шиносоии мубталоён ва ҷудосозии онон, шиддат меёбад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо табрики фарорасии иди саиди Фитр гуфт: Саҳни ҳарамҳо бо риояти комили протоколҳои беҳдоштӣ аз баъд аз иди Фитр кушоиш меёбад.
Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин дар оғози ҷаласа, сию ҳаштумин солгарди озодсозии Хуррамшаҳри Эронро табрик гуфт ва афзуд: Миллати Эрон дар ин рӯз нишон дод агар тамоми кишварҳои мухолиф дар минтақа ва ҷаҳон пушт ба пушти ҳам бидиҳанд ва модернтарин силоҳҳоро дар ихтиёри душманон қарор диҳанд, иродаи миллати Эрон бар ҳамаи онҳо пирӯз хоҳад буд.
Дар рӯзи севвуми хурдоди 1361 баробар бо 24 майи 1982 Хуррамшаҳр дар вилояти Хузистон дар ҷанубу ғарби Эрон аз ишғоли артиши Саддом диктатори Ироқ озод шуд.
Ин рӯз дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи муқовимат, исор ва пирӯзӣ номгузорӣ шудааст.