Май 25, 2020 18:31 Asia/Dushanbe

Нахустин киштии ҳомии сухти Эрон дар полоишгоҳи Элпалитои Венесуэла лангар андохт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, нафткаши эронии Фортуна, ки нимаҳои моҳи март дар бандари шаҳид Раҷоии Эрон бо 43 миллион литр бензин боргирӣ шуда буд, пеш аз зуҳри имрӯз душанбе ба вақти Эрон дар пойгоҳи 2-и коркарди Элпалитои Венесуэла дар ғарби пойтахт Каракас лангар андохт.

Ин нахустин киштӣ аз панҷ нафткаши эронт аст, ки ба рағми таҳдидҳо ва таҳримҳои Амрико дар соҳилҳои шимолии Венесуэла лангар мегирад ва омодаи холӣ кардани маҳмулаи сухтии худ аст.

Ба думболи таҳдидҳои Америка барои итминон аз ин, ки киштии эронӣ бидуни ҳеҷ гуна ҳодиса ба соҳилҳои Венесуэла бирасад, танкер ҳангоми убур аз минтақаи инҳисори иқтисодӣ бо скорти неруи дарёии Венесуэла ҳамроҳ шуд.

 Дувумин кишти, ки Форст ном дорад пеш аз ин рӯзи шанбе вориди дарёи Кариб шуд.

Се киштии эронии дигар низ дар ҳоли убур аз уқёнуси Атлантика аст. 

Рӯзи якшанбе ва ҳамзамон бо вуруди нахустин нафткаши Эрон ба обҳои инҳисории иқтисодии Венесуэла, ҳаштаки GraciasIran тренди аввали Твитери Венесуэла шуд.

Николас Модуро Раиси Ҷумҳурии Венесуэла бо ташаккур аз ҳимоятҳои Эрон гуфт: "Венесуэла танҳо нест ва дӯстони шуҷоъе дорад, ки дар канораш истодаанд."

Модуро дар Твиттер бо қадрдонӣ аз Эрон ба далели ирсоли бензин ба Венесуэла бо интишори тасовире аз нафткаши эронии Фортунаро ба армуғон овард."

ИМА дар моҳҳои ахир бо истифода аз таҳдид, таҳрим , фишор ва муҳосираи иқтисодӣ талош кардааст давлати қонунии Венесуэларо, ки руйкарди зиддиамрикоӣ дорад сарнагун кунад.

 

Барчасп