Май 26, 2020 08:52 Asia/Dushanbe
  • Твиттер ҳисоби корбарии сафорати Эрон дар Русияро масдуд кард

Бахши расонаии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия эълом кард, ширкати Твиттер бидуни ҳеҷ далеле ҳисоби корбарии ин сафорат ба забони русиро масдуд кардааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, бахши расонаии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия дар иттилоияе тасреҳ кард, ширкати Твиттер то кунун ба дархости сафорати Эрон дар Русия  бар асоси иллати масдуд шудани ин ҳисоб посух надодааст.

Ширкати Твиттер пештар низ, бедалел ва бархилофи асли озодии баён, ки ғарбиҳо муддаии он ҳастанд, садҳо саҳифа ва ҳисоби корбарии муртабит бо Эронро масдуд кард.