Ҳавопаймои кӯмакҳои беҳдоштии Эрон ба Кобул расид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i53991-Ҳавопаймои_кӯмакҳои_беҳдоштии_Эрон_ба_Кобул_расид
Ҳавопаймои ҳомили кӯмакҳои беҳдоштии мардум ва бахши хусусии Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз сешанбе дар фурудгоҳи Кобул бар замин нишаст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 26, 2020 20:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳавопаймои кӯмакҳои беҳдоштии Эрон ба Кобул расид

Ҳавопаймои ҳомили кӯмакҳои беҳдоштии мардум ва бахши хусусии Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз сешанбе дар фурудгоҳи Кобул бар замин нишаст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаҳои Афғонистон, ин кӯмакҳо шомили ниқоб, маводи зидди уфуникунанда, дасткаш,либосҳои муҳофиз ва ақломи бемористонӣ аст, ки аз тарафи мардум ва бахши хусусии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мардуми Афғонистон эҳдо шудааст. 

Қарор аст ин кӯмакҳо дар маросиме ба таври расмӣ ба мақомоти давлат ва Вазорати тандурустии Афғонистон супурда шавад. 

Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз ин низ ду ҳазор кити ташхиси вируси коронаро ба давлати Афғонистон кӯмак карда буд, ки дар остони ғарбии Ҳирот мавриди истифода қарор гирифт.