Май 28, 2020 11:52 Asia/Dushanbe
  • Равобити хуби Эрон ва Афғонистон дар сояи машварат ва ройзаниҳои мустамар

Муовини ҳуқуқии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон ва равуоҳои ғайримуҷоз тавофуқҳои ҷадиде бо давлати Афғонистон анҷом шудааст.

Муҳсини Баҳорванд рӯзи чаҳоршанбе дар поёни сафари дурӯзаи ҳайати эронӣ ба Кобул тасреҳ кард: Тайи ду рӯз музокироти хубе бо мақомоти давлати Афғонистон анҷом шуд ва Эрон ва Афғонистон тавофуқ карданд ҳаргуна равуо байни ду кишвар бар асоси як раванди қонунӣ анҷом шавад.   

Бархе шаҳрвандони афғон ахиран дар видеое иддао карданд, марзбонони эронӣ дар марзи Афғонистон, шуморе аз шаҳрвандони ин кишварро шиканҷа ва сипас ба рудхона андохтанд. Сипас бархе расонаҳои хориҷӣ бо ҳадафи вайрон кардани равобити хуби ду кишвари ҳамсоя ва дӯсти Эрон ва Афғонистон, иддаои матраҳшударо бо рӯйкарди сиёсӣ бозтоб доданд.   

Масъулони Вазорати умури хориҷаи Эрон дар пайи иддаое ба рудхона андохтани шаҳрвандони афғон тавассути марзбонони эронӣ, ройзанӣ ва машварати мустамар бо масъулони Афғонистон ва кори таҳқиқотии муштаракро дар дастури кор қарор доданд. Сафари ахири муовини ҳуқуқии вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳамин чорчуб анҷом шудааст.   

Эрон дар гуфтугӯ бо масъулони Афғонистон ва бо ироаи далел таъкид кардааст, ки марзбонони эронӣ, шаҳрвандони Афғонистонро шиканҷа ва ба дохили рудхона наяндохтанд. Дар ҳамин замина, Муҳсини Баҳорванд, муовини ҳуқуқии вазири умури хориҷаи Эрон дар Кобул таъкид кард: Таҳқиқоти Эрон дар ин замина  ба ин сабаб аст, ки марзбонони эронӣ дар ин ҳодиса дахолате надоштанд.   

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Эрон 700 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад ва ин марз дар қисмате хокӣ ва дар қисмати дигар обӣ аст, ҳаразгоҳе бо падидаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ рӯбарӯст. Дар чунин шароите, ҷиддият ва фаол будани посгоҳҳои марзии Афғонистон зарурӣ аст то касоне, ки думболи қочоқи инсон ҳастанд, бо рӯйкарди ғайриқонунӣ равобити хуб ва дӯстонаи Эрон ва Афғонистонро таҳти таъсир қарор надиҳанд.   

Дар ҳамин чорчуб, дар пайи ройзании дурӯзаи масъулони Эрон дар Кобул, давлати Афғонистон пазируфтааст посгоҳҳои марзии худро фаол ва дар заминаи ҷилавгирӣ аз рафту омадҳои ғайримуҷоз нақши бештаре дошта бошад.  

Мизбонии 40 солаи Эрон аз муҳоҷирони Афғонистон нишон аз умқи иштирокҳои мардуми ду кишвар ва аҳамияти равобити дӯстонаи Эрон ва Афғонистон дорад. Омӯзиши ройгон, истифода аз ҳамаи имконоти рифоҳӣ ва беҳдоштӣ ба вижа дар даврони ҳамагирии бемории коронавирус, гӯшае аз хадамоти инсондӯстонаи Эрон ба муҳоҷирони афғон аст.   

Равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии Эрон ва Афғонистон, решаи мардумӣ дорад. Забони муштараки форсӣ иртиботи дӯстонаи ду миллати Эрон ва Афғонистонро амиқ кардааст, ки тарҳи иддаоҳое монанди ба рудхона андохтани муҳоҷирони афғон тавассути марзбонони эронӣ, наметавонад халале ба ин равобит ворид кунад.   

Эрон илова бар мизбонии шоиста аз муҳоҷирони Афғонистон, дар баробари суботи сиёсӣ ва амнияти ин кишвар ҳам сиёсате равшан ва фаол дорад. Ройзаниҳои мустамари вазири умури хориҷаи Эрон бо вазири умури хориҷаи Афғонистон барои амалисозии давлате фарогир дар ин кишвар нишондиҳандаи таваҷҷуҳи Эрон ба асли ҳусни ният ва ҳамҷаворӣ аст.   

Маҷмуаи рафторҳои Эрон дар баробари Афғонистон, ки реша дар аҳамияти равобит ва таваҷҷуҳи вижа ба ҳамсоягон дорад, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, шарике қобили эътимод барои Афғонистон сохтааст, ки гуфтугӯе созанда дар шароити буҳронӣ, монеъ аз таъсиргузории иддаоҳои беасос бар равобити хуби ду кишвар мешавад.

Барчасп