Май 28, 2020 12:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳзури роботи пизишки эронӣ дар бемористонҳои хориҷ аз кишвар

Мудири фаннии ширкати Донишбунёни Рӯёл тавсиъаи пойдор гуфт ; то кунун чанд дархост барои истифода аз роботи эронӣ аз бемористонҳои хориҷ аз кишвар доштем.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ,роботи пизишкии Кайвон Лойф Бот , ки ба ҳафт ширкати донишбунёни эронии Рӯёл тавсиъаи пойдор сохта шудааст, дар бемористони шаҳид Ҳошиминажод рӯнамоӣ шуд.

Алии Қарахонӣ афзуд ; роботи Кайвон Лойф бот як роботи пизишкӣ аст ,ки барои хадамотрасонӣ ба кадри дармон тароҳӣ ва сохта шудааст, идеяи аслии ин робот дар бемористони шаҳид Ҳошиминажод мутавалид шуд. Замоне ,ки Корона дар дунё ҳамагир шуда буд, мо низ сайъ кардем гушаи кучаке аз ин боро бигирем.

Вай баён кард ; бинобар ин роботе тароҳӣ  шуд ,ки тарадуди кадри дармон ба қисмати карантинаро кам кунад ва имкони кантрол аз роҳи дур ё худкор барои тарадуд дар фазои карантина ва барқарории иртиботи сувтӣ, тасвирӣ бо бемор низ дошта бошад.

Қарахонӣ гуфт ; дар тароҳии ин робот имкони андозагирии дамои бадан ва оксигени хун низ вуҷуд дорад ва бо таваҷуҳ ба ин, ки пулти форми ин робот дар дохили кишвар тароҳӣ шудааст, ин имкон вуҷуд дорад ,ки имконоти дигари дармони низ ба ин робот изофа шавад.

Мудири фаннии ширкати донишбунёни Рӯёл тавсиъаи пойдор афзуд ; ин робот тавре тароҳӣ шуда ,ки кадри дармон метавонад дору ё ғизоро дар табақоти он қарор диҳад ва барои бемор ирсол кунад. Ҳамчунин имкони ин вуҷуд дорад табақоти роботро боз карда то системаи зиди уфунӣ ( дизинфексионӣ ) Юу Ви ё плазмаро барои тоза кардани фазоҳо ба шакли худкор истифода шавад.

Қарахонӣ ёдовар шуд ; дар ҳоли ҳозир барои ин робот супориш аз хориҷ дорем ва кишвари Қаттар дархост кардааст ,ки рӯи ин робот сандали барои ҳамли бемор қарор диҳем ва ин пулт фурм низ дар дасти тароҳӣ аст ва метавонем ин формро низ ироа диҳем.

Ин робот дорои ҳисгари ташхиси монеъ, қобилияти андозагирии дамои бадан , андозагириии сатҳи оксегени хун ва қобилияти изофа шудани сансурҳои дигар аст. Иртиботи тасвири ва сувтии пизишк ва бемор ва ҳамли ғазо ва дору ба утоқҳои мутафовит аз дигар қобилиятҳои ин робот аст.