Беҳбудии 114 ҳазор нафар аз мубталоён ба корона дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i54065-Беҳбудии_114_ҳазор_нафар_аз_мубталоён_ба_корона_дар_Эрон
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 114 ҳазору 931 нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар дармон ва аз бемористонҳо мураххас шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 29, 2020 11:00 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии 114 ҳазор нафар аз мубталоён ба корона дар Эрон

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 114 ҳазору 931 нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар дармон ва аз бемористонҳо мураххас шуданд.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба корона дар Эрон гуфт, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 819 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд.

Ҷаҳонпур афзуд, аз байни мубталоёни ҷадид 547 нафар бистарӣ шуданд ва маҷмуъ беморони “ковид -19” дар Эрон ба 146 ҳазору 668 нафар расид.

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 50 бемор дар 24 соати гузашта гуфт, фавти ношӣ аз корона дар Эрон ба 7 ҳазору 677 нафар расидааст.