Беҳбудии ҳудуди 117 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i54098-Беҳбудии_ҳудуди_117_ҳазор_нафар_аз_мубталоён_ба_вируси_корона_дар_Эрон
То рӯзи шанбе 30 май 116 ҳазору 827 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 30, 2020 12:01 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 117 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

То рӯзи шанбе 30 май 116 ҳазору 827 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур- раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт: Дар 24 соати гузашта ду ҳазору 282 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд.

Ҷаҳонпур афзуд: Аз байни мубталоёни ҷадид 435 маврид бистарӣ ва ҳазору 847 бемори дорои нишонаҳои сабук муоина шуданд ва маҷмӯи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 148 ҳазору 950 нафар расид.

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 57 бемор дар 24 соати гузашта гуфт: Шумори мавориди фавти бархоста аз вируси корона дар Эрон ба ҳафт ҳазору 734 нафар расидааст.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз шаш миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 367 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди ду миллиону 673 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.