Солрӯзи тахриби қабрҳои аиммаи атҳор алайҳимуссалом дар Бақиъи Арабистон
(last modified Sun, 31 May 2020 04:13:13 GMT )
Май 31, 2020 09:13 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи тахриби қабрҳои аиммаи атҳор алайҳимуссалом дар  Бақиъи Арабистон

Имрӯз (якшанбе) ҳаштуми шаволи 1441 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 31 майи 2020 , солрӯзи тахриби қабристони Бақиъ дар Мадинаи Арабистон ба дасти ваҳобиёни Оли Саъуд аст.

Ваҳобиён дар ҳаштуми шаволи 1344 ҳиҷрии қамарӣ (21 апрели 1926) бар хилофи дастуроти Қуръон ва суннати паёмбари ислом (с) ва бо бардошти ғалат аз дин, марқади шариф ва ҳарами нуронии имом Ҳасан (а), имом Саҷҷод (а), имом Муҳаммади Боқиъ(а), имом Ҷаъфари Содиқ (а) чаҳор пешвои шиа ва саҳобаи бузургвори паёмбари исломро дар Бақиъ вайрон карданд.

Бақиъ аввалин мазоре аст, ки ба дастури расули акрам (с) тавассути мусулмонони садри ислом эҷод шуд.

То пеш аз тахриби Бақиъ тавассути ваҳобиён бар рӯйи мақбараи пешвоён ва дигар бузургони ислом, ки дар Мадинаи Арабистон дафн буданд, гунбазҳо ва биноҳое қарор дошт, аммо ваҳобиён ин осорро ҳам аз байн бурданд.

Тахриби осор ва биноҳои исломӣ тавтеае аст, ки душманон ва истеъморгарон барои маҳви мустанадот ва шавоҳиди айнии таърихи ислом тарроҳӣ ва иҷро мекунанд.

Яке аз офатҳои бузург ва хатарноки мазҳабҳо ва ойинҳо, каҷфаҳмиҳо, тундравиҳо ва бардоштҳои иштибоҳ ва инҳирофӣ ва ба истилоҳ қироатҳои худсохта аз дин аст, ки дар мақтаъҳои мухталиф миёни пайравони ҳамон мазҳабҳо ба вуҷуд омада ва муҷиби заъиф шудан ва тафриқа дар он мазҳаб шудааст.