Беҳбудии 119 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
(last modified Sun, 31 May 2020 11:59:08 GMT )
Май 31, 2020 16:59 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии 119 ҳазор нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 118 ҳазору 848 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар тасреҳ кард:

Дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 516 бемори ҷадид шиносоӣ шудаанд.

Ҷаҳонпур афзуд: Аз байни мубталоёни ҷадид, 511 маврид бистарӣ ва 2 ҳазору 5 бемор ба сурати сарпоӣ хадамотрасонӣ шуданд ва маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 151 ҳазору 466 нафар расид.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 63 бемор дар 24 соати гузашта гуфт: Фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон ба 7797 нафар расидааст.