Июн 03, 2020 13:44 Asia/Dushanbe
  • Имом Хумайнӣ (раҳ) аз дидгоҳи шахсиятҳои барҷастаи байналмиллалӣ

Шахсиятҳои мухталифи байналмиллалӣ аз ҷумла Афғонистон гуфтанд, имом Хумайнӣ (раҳ) фақиҳе барҷаста ва мумтоз буданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммадисмоил Қосимёр- узви ҳайати иҷроияи Шурои олии сулҳи Афғонистон гуфт: Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломӣ на танҳо ба ҷаҳони ислом, балки ба маънои  дақиқтар ба дунёи инсонҳои озодихоҳ ва адолатписанд  тааллуқ  дорад.

Мавлавӣ  Муҳаммад  Яъқуб (Нурзоӣ) Сомонӣ- устоди  ҳавза ва донишгоҳ ва муовинати омӯзишии Ҷомеатулнур Ал-Исломияи Афғонистон низ гуфт: Бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломӣ ба рисолати ҷаҳонии хеш амал карданд ва фикр ва тафаккури ишон ҳамеша дар дил ва зеҳни миллатҳои бедор зинда буда ва ин миллатҳо барои озодсозии Байтулмуқаддас ва нобудии режими саҳюнистӣ лаҳзашуморӣ мекунанд.

Муҳаммадҳошим Исматуллоҳӣ- мушовири раиси ҷумҳури пешини Афғонистон ҳам гуфт: Имом Хумайнӣ (раҳ) бо инқилобаш ба бозиҳои сиёсии тақсими ҷаҳон ба ду блоки шарқ ва ғарб поён бахшид.

Ҳафизуллоҳ Султонӣ- фармондеҳи  ҷиҳодӣ ва шахсияти барҷастаи мардумии  Афғонистон  ҳам хотирнишон кард: Имом Хумайнӣ (раҳ) ба мардум  дарси озодӣ, шуҷоат ва мардумсолорӣ омӯхтанд ва мардуми Афғонистон аз шахсияти имом улгӯбардорӣ карданд.

Ҳамзамон бо фаро расидани солрӯзи риҳлати имом Хумайнӣ (раҳ) мавлавӣ Муҳаммадмухтор  Муфаллиҳ- раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Афғонистон ҳам гуфт: Имом бар ваҳдат ва якпорчагии мусулмонон таъкид мекарданд ва муътақид буданд ин ваҳдат ва якпорчагии мусулмонҳо аст, ки метавонад пирӯзӣ ба армуғон биёварад.

Дар идомаи ин вокунишҳо, Ал-Шин  Хазар, аз шоирони барҷастаи аҳли байт алайҳимуссаломи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳам аз имом Хумайнӣ (раҳ) ба унвони баҳре ёд кард, ки аз паҳлуҳои мухталиф, чи аз назари шахсияти илоҳӣ будан чи дар дунёи сиёсат ва ирфон ҷойгоҳи  ғайри қобили  тасаввуре доранд ва шеърҳои ишонро ҳам пур аз рамзу роз барои баёни ишқ ба Худованди  якто донист.

Имрӯз (чаҳоршанбе), чаҳордаҳуми хурдоди 1399 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо севуми июн мусодиф бо сию дувумин солгарди риҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) аст.