Зилзила Эломро ларзонд
(last modified Wed, 03 Jun 2020 11:27:41 GMT )
Июн 03, 2020 16:27 Asia/Dushanbe
  • Зилзила Эломро ларзонд

Зилзилае ба бузургии панҷ риштер имрӯз (чаҳоршанбе) устони Элом, дар ғарби Эронро ларзонд.

Бар асоси эъломи Маркази ларзанигории Эрон, маҳалли вуқӯи зилзила бахши марзии Солеҳобод, аз тавобеи шаҳристони Меҳрон, дар устони Элом будааст.

Таърих ва замони вуқуъ ба вақти маҳаллӣ соати 12: 46 дақиқаву 52 сония ва умқи заминларза 11 километр гузориш шудааст.

Бахши марзии Солеҳобод, аз тавобеи шаҳристони Меҳрон аст, ки дар 37 километрии ҷануби ғарби Элом воқеъ шудааст.