Июн 04, 2020 17:29 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар тақвияти равобити парлумонии Эрон ва Чин

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар посух ба паёми табрикии раиси Кумитаи доимии Кунгураи милли халқи Чин таъкид кард: Рӯйкарди Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, тадовуми ҳамкорӣ ва тақвияти равобити парлумонӣ бо Кумитаи доимии Кунгураи миллии халқи Чин, дар ҷиҳати тавсиа ва густариши ҳар чи бештари муносибот аст.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар посух ба паёми табрикии Ли Ҷон Шу ба муносибати интихоби вай ба раёсати Маҷлиси Шӯрои исломӣ, зимни ташаккур ва қадрдонӣ, таъкид кард: Бо таваҷҷӯҳ ба равобити роҳбурдии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Халқи Чин, Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон омодаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Кунгураи миллии халқи Чин аст.

Қолибоф афзуд: Парлумонҳои ду кишвар дар кӯмак ба тавсиаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии байни ду кишвар нақши муҳим доранд.

 

Барчасп