Июн 07, 2020 13:09 Asia/Dushanbe
  • Зариф даргузашти Рамазон Абдуллоҳро таслият гуфт

Вазири умури хориҷаи Эрон даргузашти дабири кулли фақиди Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластинро таслият гуфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар паёми таслиятӣ ба муносибати даргузашти Рамазон Абдуллоҳ Шалаҳ- дабири кулли фақиди Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин тасреҳ кард: Ишон бо собиқаи дерина дар арсаи ҷиҳод ва мубориза зидди режими саҳюнистӣ, шахсияте мубориз ва миллӣ дар арсаи Фаластин буд, ки умри хешро дар шароите сахт ва душвор, шуҷоъона ва фидокорона ва барағми ҳамаи хатарот ва таҳдидҳо, сарбаланд дар масири муҷоҳидат, фидокорӣ ва поймардӣ дар арсаи муқовимат ва раҳоии Фаластини азиз ва Қудси шариф аз ҳамла ва чанги ишғолгарони саҳюнист сарф кард. Зариф афзуд: Рамазон Абдуллоҳ, шахсияте мутавозеъ, андешманд, мутафаккир ва хушфикр буд, ки бо ишрофи амиқ ба раванди таҳаввулот дар минтақа ва ҷаҳон, дағдаға ва эҳтимоми вижае ба тақвияти ваҳдат дар байни умуми мардум ва гурӯҳҳои фаластинӣ ва ҷаҳони ислом дошт ва ҳамвора шавқманд ва дилсӯзи пешрафти Эрони исломӣ ба унвони пуштвона ва ҳомии мардуми таҳти ситами Фаластин буд. Рамазон Абдуллоҳ Шалаҳ- дабири кулли пешини Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар паи даргирии тӯлонӣ бо беморӣ рӯзи шанбе даргузашт.