Бозгашти пизишки эронии озодшуда аз зиндони Амрико ба кишвар
(last modified 2020-06-08T04:01:09+00:00 )
Июн 08, 2020 09:01 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти пизишки эронии озодшуда аз зиндони Амрико ба кишвар

Пизишки эронии озодшуда аз зиндони Амрико, бомдоди душанбе аз тариқи фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ)-и Теҳрон, ба кишвар бозгашт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Маҷиди Тоҳирӣ- пизишки эронӣ аз 16 моҳи пеш ба иттиҳоми поймолсозии таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон дар Амрико зиндонӣ буд.

Ҳамзамон бо озодии Маҷиди Тоҳирӣ- пизишки эронӣ, Майкл Вайт- шаҳрванди амрикоие, ки ба далели ҷиноятҳои амниятӣ ва низ шикояти шокиёни хусусӣ дар Эрон ба зиндон маҳкум шуда буд, озод шуд.

Майкл Вайт- шаҳрванди амрикоӣ бо ҷалби ризояти моддӣ ва маънавии шокиёни хусусӣ, дар мавриди дигар ҷиноятҳои худ низ машмули раъфати исломӣ шуд ва бо таваҷҷуҳ ба гузарондани бахше аз давраи маҳкумияташ дар Эрон ва бо дар назар гирифтани мулоҳизоти ҳуқуқи башарӣ, бо ҳукми қозии парванда озод шуд.

Ин шаҳрванди Амрико қасд  дошт барои таъмини фурсати ҷосусӣ, бо равишҳои фиребанда ва иртибот бо шаҳрвандони эронӣ, пӯшиши ҳузури худ дар кишварро бадаст оварад, ки тавассути неруҳои зидди ҷосусии Вазорати иттилооти Эрон шиносоӣ ва дастгир шуда буд.

 

Барчасп