Июн 08, 2020 15:21 Asia/Dushanbe
  • Паёми тасаллияти Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи даргузашти Рамазон Абдуллоҳ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ даргузашти Рамазон Абдуллоҳ Шалаҳ дабири кулли пешини ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластинро тасаллият гуфтанд.

Бино ба иттилооти радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманайи рӯзи душанбе дар паёме бо тасаллият даргузашти доктор Рамазон Абдуллоҳ Шалаҳ ба миллати Фаластин" ва ҳамаи муҷоҳидон, таъкид карданд ҷараёни муқовимати Фаластинунсури бисёр содиқ ва арзишмандеро аз даст дод.

Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманайи ҳамчунин ибрози умедворӣ карданд, бо кӯмак ва ҳидояти илоҳӣ талошҳои ҷиҳодии ҷонишинони шоистае, ки роҳи муҷоҳидоне чун Фатҳи Шақоиқӣ ва Рамазон Абдуллоҳро дунбол мекунанд, ин зоиқаро ҷуброн кунад.

Рамазон Абдуллоҳ Шалаҳ  дабири кулли собиқи ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин баъд аз як сол мубориза бо беморӣ, рӯзи шанбе дар Бейрут даргузашт ва рӯзи якшанбе дар урдугоҳи фаластининишини Ярмуки Сурия ба хок супурда шуд.

Ҷамъе аз мақомот ва масъулони Ҷумҳурии Исломии эрон, аз ҷумла Ҳасан Руҳонӣ раисҷумҳур ва вазири умури хориҷа Муҳаммад Ҷавод Зариф низ дар паёмҳои ҷудогона даргузашти Рамазон Абдуллоҳро ба мардуми Фаластин тасаллият гуфтанд.