Инҳидоми комили як гурӯҳи террористӣ дар ғарби Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i5437-Инҳидоми_комили_як_гурӯҳи_террористӣ_дар_ғарби_Эрон
Фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, аз инҳидоми як тими вобаста ба зидди инқилоб ва гурӯҳакҳои террористӣ ва ҳалокати 12 тан аз ашрори мусаллаҳ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 05, 2016 13:02 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми комили як гурӯҳи террористӣ дар ғарби Эрон

Фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, аз инҳидоми як тими вобаста ба зидди инқилоб ва гурӯҳакҳои террористӣ ва ҳалокати 12 тан аз ашрори мусаллаҳ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, сардор сартип посдор Муҳаммади Покпур, фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳи посдорон рӯзи сешанбе бо эъломи ин хабар гуфт, бо ҳушёрии размандагони нерӯи заминии сипоҳ ва нерӯҳои бумии минтақа, як тим аз ашрори вобаста ба зидди инқилоб ва гурӯҳакҳои террористии таҳти ҳимояти Амрико ва режими саҳюнистӣ, ки қасди рахна ба дохили хоки Эрони исломӣ барои эҷоди ноамниро доштанд, дар минтақаи марзии устони Кирмоншоҳ (ғарби Эрон) шиносоӣ шуданд .

Сардор Покпур афзуд, пас аз гирифтор шудани ашрор ва террористҳо дар камини размандагони сипоҳ таи як даргирии шадид, ин тим батаври комил мунҳадим ва 12 узви он ба ҳалокат расиданд.

Фармондеҳи нерӯи заминии сипоҳ таъкид кард, бо иқдоми қотеъ ва ба мавқеи размандагони сипоҳ ва ҳамкории нерӯҳои бумӣ дар ин амалиёт мақодири қобили таваҷҷуҳе силоҳу муҳиммот аз террористҳо ва ашрори мусаллаҳ бадаст омад .