Мусавӣ: Эрон бо таҳримҳои такрории Амрико таслим намешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i54385-Мусавӣ_Эрон_бо_таҳримҳои_такрории_Амрико_таслим_намешавад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҳримҳои нави Амрико алайҳи ширкатҳои киштиронӣ ва нафткашҳои эронӣ гуфт: Мақомоти амрикоӣ бо иҷроии таҳримҳои такрорӣ танҳо худашонро ба заҳмат меандозанд ва Эрон бо ингуна таҳримҳо ва фишорҳо таслим намешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 10, 2020 13:48 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: Эрон бо таҳримҳои такрории Амрико таслим намешавад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҳримҳои нави Амрико алайҳи ширкатҳои киштиронӣ ва нафткашҳои эронӣ гуфт: Мақомоти амрикоӣ бо иҷроии таҳримҳои такрорӣ танҳо худашонро ба заҳмат меандозанд ва Эрон бо ингуна таҳримҳо ва фишорҳо таслим намешавад.

Дафтари кулли дороиҳои хориҷӣ (OFAC) аз ниҳодҳои зермҷмуаи Вазорати хазонадории Амрико, ахиран 125 киштии борӣ ва нафткаши эрониро, ки аз қабл дар феҳристи киштиҳои таҳти таҳрими ин вазоратхона қарор доштанд, бо унвони дигаре дубора таҳрим кард.

Саидаббоси Мусавӣ- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо тасреҳ кард: Амрико як бор ҳамаи миллати Эронро таҳрим кард ва сипас дар дили ҳамин таҳримҳо, шаҳрвандон ва ё масъулони эрониро ба сурати фардӣ таҳрим мекунад.

Мусавӣ ба мақомоти амрикоӣ тавсия кард: Даст аз иқдомоти якҷониба ва ғайриқонунӣ ва бозӣ бо қоидаҳо ва муқаррарот бардоранд, ҳар чанд, ки таҳримҳои онҳо беасар ва дохилии худи Амрико аст ва пуштвонаи байналмиллалӣ надорад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии амрикоиҳо бештар аз онки алайҳи Теҳрон бошад, алайҳи муттаҳидони худашон ва алайҳи тиҷорати ҷаҳонӣ аст, афзуд: Ҷомеаи байналмиллалӣ бояд ба худаш биёяд ва монеи таҳримҳои якҷониба ва фаросарзаминии Амрико ва густариши он ба дигар кишварҳо шавад.

Мусавӣ дар идомаи ин гуфтугӯ таъкид кард: Бархе аз шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто ғайриҳамсоя саъй мекунанд ба шакли қочоқ вориди Эрон шаванд, аммо неруи низомии ҷумҳурии исломӣ ба манзури ҳифзу амнияти миллӣ дар ин замина кутоҳӣ нахоҳад кард.