Қадрдонӣ аз пизишки эронии Бемористони Ибни Сино
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i544-Қадрдонӣ_аз_пизишки_эронии_Бемористони_Ибни_Сино
Аз пизишки эронии Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе дар Теҳрон қадрдонӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 23, 2016 15:02 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонӣ аз пизишки эронии Бемористони Ибни Сино

Аз пизишки эронии Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе дар Теҳрон қадрдонӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, доктор Сиёвуши Мансурӣ ба унвони сафири саломати Эрон дар робита ба бемории гепатити С рӯзи ҷумъа дар семинари "Тадвини охирин дастур-ул-амали ташхис ва дармони гепатити С дар Эрон" бо эҳдои лавҳ ва тандис мавриди қадрдонӣ қарор гирифт.

Доктор Сиёвуши Мансурӣ, пизишки эронӣ, мутахассисси аъзои ҳозима ва ҷигар соли 2014 дар Бемористони Синои шаҳри Душанбе маркази табобати аъзои ҳозима ва ҷигарро роҳандозӣ карда, ки дар соли гузашта дар ин марказ 80 бемори мубтало ба гепатити С-ро дармон кардааст. Бо ироаи хадамот дар ин марказ бисёре аз беморони ҷигару системаи ҳозима дар Тоҷикистон дигар барои муолиҷа ниёзе ба сафар ба Эрон надоранд.

Бемористони Ибни Сино 120 кат дошта, моҳи сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро оғоз карааст ва фаъолияти аслии он марбут ба дармони бемориҳое аст, ки дар дигар бемористонҳои Тоҷикистон имкони табобати онҳо вуҷуд надорад.