Эрон ва Қирғизистон: Таъкид бар густариши муносибот дар ҳамаи арсаҳо
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Сооронбай Ҷеенбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон бар тавсеаи равобити иқтисодӣ бо Қирғизистон таъкид кард.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, барои ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар набояд мунтазири поёни круно буд, зеро метавон дар чорчӯби протоколҳои беҳдоштӣ, мубодилоти тиҷорӣ ва ҳамкории иқтисодиро афзоиш дод.
Дар ҳоли ҳозир заминаҳои мусоиде барои густариши равобити иқтисодӣ миёни ду кишвар фароҳам аст, ки метавон аз ин фурсат барои тавсеаи сармоягузорӣ ва тақвияти тиҷорат истифода кард. Зарфиятҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар гуфтугӯи раисони ҷумҳурии Эрон ва Қирғизистон мавриди ишора қарор гирифт, фурсати муносиберо барои тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар эҷод кардааст. Ончӣ бар аҳамияти ин ҳамкориҳои меафзояд, аҳдофи баландмуддати иқтисодӣ аст, ки дар Иттиҳоди Авруосиё мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Дар ҷуғрофияи минтақа, дастрасии транзитӣ ва тиҷории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳавзаи Қафқоз ба обҳои озод дорои аҳамияти зиёде аст, ки бо истифода аз роҳҳои Эрон қобили дастрасӣ аст. Дастраси ба обҳои озоди байналмилалӣ дар дарёи Уммон ва Халиҷи Форс аз мазиятҳое аст, ки бистарҳои лозимро барои тавсеаи равобити дуҷониба ва минтақаӣ дар чорчуби ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё фароҳам кардааст. Ҳамкории Эрон - Қазоқистон - Туркманистон ва Чин дар қолаби проекти муштараки эҳдоси роҳи оҳан низ як фурсати истисноиро дар бахши иртибототи рейлӣ эҷод кардааст.
Дар ҳамин ҳол Эрон ва Қирғизистон бо ҳадафи ҳимоят аз фаъолони иқтисодии бахши хусусӣ, асноди мубодилоти тиҷорӣ ва таърифаиро имзо кардаанд.
Сафири Қирғизистон дар Эрон дар нишасти ахири худ бо фаъолони иқтисодии устони Гулистон воқеъ дар шимоли Эрон, ба фароҳам будани заминаи сармоягузорӣ дар кишвараш барои тоҷирони эронӣ ишора кард ва гуфт, 12 минтақаи вижаи иқтисодӣ ва 22 минтақаи вижаи санъатӣ дар Қазоқистон омодаи вогузарӣ ба сармоягузорон аст.
Дар ҳавзаи фаъолиятҳои иҷроӣ ва умронӣ низ яке аз намунаҳои мушорикати ду кишвар, такмили проекти маҷмӯаи варзишии шаҳри Ош дар Қирғизистон бо ҳамкории муҳандисони эронӣ аст. Ҳамонгуна, ки раисиҷумҳури Эрон таъкид кард, Эрон барои ироаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ба Қирғизистон дар заминаи сохти нерӯгоҳ ва хутути интиқоли нерӯ, садсозӣ, ҷодасозӣ ва проектҳои тавсеаи таъсисоти барқ омодагии комил дорад. Эрон ҳамчунин дар шароити вижаи круноӣ ба унвони яке аз кишварҳои пешрафта дар заминаи тавлиди дору алоқаманд аст, дар заминаи дорусозӣ ва таъмини ниёзҳои Қирғизистон бо ин кишвар ҳамкорӣ кунад. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин хусус ба муваффақиятҳои Эрон дар заминаи мубориза бо вируси круно ва тавлиди таҷҳизоти мавриди ниёз тавассути ширкатҳои донишбунён ишора кард ва гуфт, бо вуҷуди маҳдудиятҳо ва фишорҳои таҳмилии Амрико алайҳи Эрон, хушбахтона Ҷумҳурии исломӣ дар мубориза бо ин вирус муваффақиятҳои хубе дошта ва ҳатто тавонистааст ба бархе аз кишварҳои дӯсти худ, аз ҷумла Қирғизистон дар муқобила бо ин беморӣ кумак кунад.
Маҷмӯаи ин мавзӯот нишондиҳандаи зарфиятҳои мавҷуд дар ду кишвар барои ҳамкорӣ аст. Бар ин асос Теҳрон ва Бишкек мусаммам ҳастанд бо истифода аз ин зарфиятҳо сатҳи ҳамкориҳоро дар ҳамаи арсаҳо иртиқоъ диҳанд.