Июн 11, 2020 11:20 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Улгӯи муқобила бо такаббур ва зӯргӯии амрикоиҳо дар минтақа ва ҷаҳон

Ройзани фарҳангии Эрон дар Лубнон, ҷумҳурии исломиро улгӯи шигифтангез барои рушду тавсеа ва муқобила бо такаббур ва зӯргӯии амрикоиҳо дар минтақа ва ҷаҳон донист.

Аббоси Хомаёр, ройзани фарҳангии Эрон дар Лубнон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “Ассирот” бо баёни ин ки зулму нажодпарастӣ, ки ҳамакнун дар Амрико вуҷуд дорад, масъалаи ҷадиде нест, гуфт: “Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико чеҳраи воқеии давлатмардони ин кишварро ба сурати бараҳна ва урён намоён кард”.

Хомаёр бо ишора ба таърихчаи сиёҳу торики сардамдорони Амрико ва рафтори нажодпарастонаи онҳо бо сиёҳпӯстон ва дигар рангинпӯстон ва ҷиноятҳое, ки дар саросари ҷаҳон ва пас аз ишғоли Афғонистон ва Ироқ муртакиб шудаанд, афзуд: “Амрикоиҳо муддаӣ ҳастанд, арзишҳо ва фарҳанги худро содир мекунанд, аммо ин усул ба ҳеҷ инсоне раҳм нахоҳад кард”.

Ройзани фарҳангии Эрон дар Лубнон бо таъкид бар ин ки вазъияти иқтисодии Амрико бар пояи сирқат ва ғорати манобеи табиӣ ва сарвати кишварҳои дигар бино шудааст, гуфт: “Ширкатҳои саҳюнистӣ сарватҳои мардумро ғорат мекунанд ва “императории доллар” -ро монанди таноби дор бар гардани миллатҳо меандозанд ва бо барномарезии дақиқ ҳокимияти доллари худро бар иқтисоди ҷаҳон таҳмил ва тамоми ҳазинаҳои худро аз ҷайби мустазъафин ҳазина мекунанд”.