Июн 11, 2020 17:27 Asia/Dushanbe

50 нафар аз афроди ширкаткарда дар як ҷашни арӯсӣ дар шаҳри Ардал, дар устони Чаҳормаҳол ва Бахтиёрии Эрон, ба коронавирус олуда шуданд.

Маҳмуди Киёнӣ, фармондори шаҳристони Ардал ба хабарнигори Садо ва Симои Эрон гуфт: Беш аз 118 тести коронавирус зарфи як ҳафтаи гузашта, аз меҳмонони як ҷашнӣ арӯсӣ дар шаҳристони Ардал гирифта шуд, ки мутаассифона, тести 50 нафар аз онон мусбат ташхис дода шудааст.

Киёнӣ афзуд: Баргузории маҷолиси арӯсӣ ва ҳузури афрод аз дигар манотиқи Эрон дар шаҳристони Ардал, мунҷар ба мубтало шудани афрод ва бастагони хонаводаи мизбон ба коронавирус шуд.

Ба гуфтаи фармондори Ардал, афроде, ки натиҷаи тести онҳо мусбат буда, таҳти муроқибатҳои вижа ва карантини хонагӣ ва васоили ҳифозати шахсӣ, аз ҷумла мисвок, дасткаш ва дору дар ихтиёри онҳо қарор гирифтааст.