Июн 13, 2020 09:20 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эрон аз Фаронса барои бозхонии ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои украинӣ

Намояндаи Эрон дар Созмони байналмилалии ҳавонавардии ғайринизомӣ аз Агентии ҳавоии Фаронса хост, ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои сонеҳадидаи Украинаро бозхонӣ кунад.

Фарҳоди Парвин, намояндаи Эрон дар Созомни байналмилалии ҳавонавардии ғайринизомӣ гуфт:

Созмони ҳавопаймоии кишварии Ҷумҳурии исломии Эрон аз BEA дархост карда, Эрон ҷаъбаҳои сиёҳи ҳавопаймои Украинаро ба мақарри BEA дар Фаронса иросл кунад, то дар ҳузури намояндагони соири кишварҳои марбута бозхонӣ шавад.

Мӯҳсини Баҳорванд, муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам дар гуфтугӯи телефонӣ бо Марта Морган, муовини вазири умури хориҷаи Канада, аз омодагии Теҳрон барои суръат бахшидан ба ҳалли масоили марбут ба суқути ҳавопаймои украинӣ хабар дод.