Июн 14, 2020 13:43 Asia/Dushanbe
  • Куштигири эронӣ «Танки рус»-ро шикаст дод

Дар идомаи назарсанҷии Ииттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ барои интихоби маҳбубтарин куштигири озодкори ҷаҳон, Ҳасани Яздонии эронӣ аз куштигири маъруфи рус пеш афтод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, саҳифаи Инстаграми Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ дар назарсанҷӣ аз шавқмандон ба куштӣ дар саросари ҷаҳон, маҳбубтарин озодкорони ҷаҳон аз нигоҳи мухлисонро интихоб мекунад.

Пас аз баргузории чанд марҳала аз ин назарсанҷӣ, дар ниманиҳоӣ Ҳасани Яздонӣ, дорандаи се медали тиллои ҷаҳон ва олемпӣ аз Эрон бо овози шавқмандон ба куштӣ дар ҷаҳон аз Абдурашид Саъдуллоев маъруф ба "Танки русӣ", дорандаи панҷ тиллои ҷаҳон ва олемпӣ пеш афтод ва роҳии финал шуд.

Дар сӯи  дигар низ Ҳоҷӣ Алиев- куштигири озарбойҷонӣ аз Ҷурдан Борузи амрикоӣ пеш зад ва ба финал расид.

Ба ин тартиб Ҳасани Яздонӣ аз Эрон ва Ҳоҷӣ Алиев аз Озарбойҷон барои касби унвони маҳбубтарин озодкори ҷаҳон дар финали ин назарсанҷӣ ширкат хоҳанд кард.