Даргузашти Муҳаммадалии Кишоварз, ҳунарманди пешкисвати эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i54510-Даргузашти_Муҳаммадалии_Кишоварз_ҳунарманди_пешкисвати_эронӣ
Муҳаммадалии Кишоварз, ҳунарманди пешкисвати синамо, театр ва телевизиони Эрон, имрӯз (якшанбе) пас аз муддатҳо таҳаммули беморӣ, дар синни 90-солагӣ даргузашт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 14, 2020 21:31 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти Муҳаммадалии Кишоварз, ҳунарманди пешкисвати эронӣ

Муҳаммадалии Кишоварз, ҳунарманди пешкисвати синамо, театр ва телевизиони Эрон, имрӯз (якшанбе) пас аз муддатҳо таҳаммули беморӣ, дар синни 90-солагӣ даргузашт.

Муҳаммадалии Кишоварз дорои нишони дараҷаи яки фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии исломии Эрон, яке аз чанд бозигари саршинос ва насли аввали театри Эрон ва фаъол дар ҳавзаҳои дигари намоишӣ, аз ҷумла синамо ва телевизион буд.

Аз осори мондагори устод Кишоварз ба маҷмӯаҳои телевизионии "Доиҷон Наполеон", "Оташи бидуни дуд", "Ҳазор дастон", "Сарбадорон", "Падарсолор" ва "Гургҳо" метавон ишора кард.