Июн 15, 2020 13:47 Asia/Dushanbe
  • Озодкори эронӣ; маҳбубтарин куштигири ҷаҳон

Ҳасани Яздонӣ- куштигири сабки озоди Эрон дар назарсанҷии Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ, маҳбубтарин куштигири ҷаҳон шинохта шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, саҳифаи Инстаграми Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ дар рӯзҳои гузашта бо интишори аксҳои дунафараи қаҳрамонони шохиси кишварҳо, иқдом ба назарсанҷӣ аз байни мухлисонаш барои иттилоъ аз мизони маҳбубияти онҳо дар саросари ҷаҳон кард.

Дар марҳалаи поёнии ин назарсанҷӣ Ҳасани Яздонӣ бо Ҳоҷӣ Алиев, озодкори саршинос аз Ҷумҳурии Озарбойҷон рақобат кард, ки Яздонӣ бо касби 53 дарсади овозҳо пирӯз ва қаҳрамони ин рақобати маҷозӣ шуд.

Дар марҳалаи ниманиҳоӣ, рақобат байни Ҳасани Яздонӣ, қаҳрамони куштии озоди олимпӣ ва ҷаҳон аз Эрон ва Абдурашид Саъдуллоев, дорандаи медалҳои тиллои куштии озоди олимпӣ ва ҷаҳон аз Русия баргузор шуда буд, ки куштигири эронӣ бо касби овозҳои бештар муваффақ ба суъуд ба марҳалаи поёнӣ шуд.

Дар ин назарсанҷӣ 168 ҳазор нафар ширкат карда буданд.