Эрон: Кореяи Ҷанубӣ куркурона аз Амрико пайравӣ накунад
(last modified Mon, 15 Jun 2020 09:37:49 GMT )
Июн 15, 2020 14:37 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Кореяи Ҷанубӣ куркурона аз Амрико пайравӣ накунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Кореяи Ҷанубӣ, ки миллиардҳо доллари Эронро ба баҳонаи фишорҳои Амрико блока кардааст, ҳушдор дод дӯстии 50 солаи ду кишварро нобуд накунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидаббоси Мусавӣ рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар посух ба саволе дар бораи амволи блока шудани Эрон дар Кореяи Ҷанубӣ гуфт: Миллат ва тоҷирони мо ва масъулони давлатии мо ҳамвора робитаи хубе бо бахшҳои мухталиф дар Кореяи Ҷанубӣ доштанд, аммо Кореяи Ҷанубӣ бо пайравии куркурона аз Амрико амволи Эронро блока кард.

Мусавӣ афзуд: Мутаассифона Кореяи Ҷанубӣ беш аз ним қарн робитаи хуб ва самимӣ бо моро дастхуши дахолати кишварҳои дигар кардааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Таҳримҳои Амрико тасмими худсронаи як кишвар аст, ки зургӯёна алайҳи кишвари мо ва дигарӣ, ки бо мо иртибот доранд иҷроӣ мешавад.

Вай гуфт: Аз ин ки иддае зери бори зур мераванд мутааҷҷиб нестем вале онҳо ҳақ надоранд амволи миллати Эронро ба баҳонаи фишорҳои Амрико блока кунанд.

Мусавӣ таъкид кард: Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ҳамкории Бонки Марказӣ ва дигар дастгоҳҳо ҳамаи иқдомоти ҳуқуқӣ ва дипломатикро анҷом дода ва медиҳад то ҳуқуқи мардуми Эрон тазмин шавад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт: Тамдиди таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Эрон бидъати хатарноке аст, ки Амрико онро думбол мекунад, аммо қатъан талошҳои амрикоиҳо бенатиҷа аст ва фишорҳои онон ба ҷое намерасад.