Июн 16, 2020 11:16 Asia/Dushanbe
  • Зариф Истамбулро ба мақсади Маскав тарк кард

Вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи сафарҳои дипломатики худ субҳи имрӯз (сешанбе) Истамбули Туркияро ба мақсади Маскав пойтахти Русия тарк кард.

Ба гузориш радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Эрон қарор аст дар сафар ба Маскав бо Сергей Лавров- вазири умури хориҷаи Русия дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа ва тавсеаи равобити ду кишвар дидор ва гуфтугӯ кунад. Зариф барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Туркия дар бораи равобити дуҷониба ва масоили байналмиллалӣ якшанбешаб дар садри ҳайате вориди ин кишвар шуд. Вазири умури хориҷаи Эрон дар сафар ба Истамбул ду давр гуфтугӯ бо Мавлуд Човвуш Уғлӯ- вазири умури хориҷаи Туркия дар бораи мавзуоти дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалӣ дошт. Имзои ёддошти тафоҳум марбут ба амлоки дипломатики Эрон ва Туркия ва ҳамчунин омодасозии рӯйхатти нави колоҳои машмули таърафаи тарҷеҳӣ аз дигар мавзуоти кории вазирони умури хориҷаи ду кишвар буд.