Одати Амрико ба қонуншиканӣ, танҳо ба ҳарҷу марҷи ҷаҳонӣ мунҷар мешавад
(last modified Tue, 16 Jun 2020 09:19:25 GMT )
Июн 16, 2020 14:19 Asia/Dushanbe
  • Одати Амрико ба қонуншиканӣ, танҳо ба ҳарҷу марҷи ҷаҳонӣ мунҷар мешавад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Одати Вашингтон ба қонуншикании беҳадду ҳаср танҳо ба ҳарҷу марҷи ҷаҳонӣ мунҷар хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон,  Саидаббоси Мусавӣ дар Твиттер бо баёни ин ки зӯргӯи амрикоӣ ҳамакнун муттаҳидони аврупоии худро мавриди газанд қарор додааст, хитоб ба аврупоиҳо навишт: Ҳамонтавр, ки борҳо ҳушдор дода шуда буд, ки агар дар баробари як зӯргӯ таслим шавед, зӯргӯтар мешавад.

Дар ҳоле, ки прожаи "Нурдстрим- 2"  бо ҳадафи афзоиши содироти гоз ба Аврупо тавассути Русия ва консорсиум (эътилоф)-и аврупоӣ дар дасти иҷро аст, Амрико дар талош аст бо таҳрим ва сангандозӣ раванди иҷрои онро мутаваққиф кунад.

Вашингтон то кунун борҳо, ширкатҳо ва паймонкорони фаол дар ин прожаро таҳрим ва ё ба иҷрои таҳримҳои шадид, таҳдид кардааст.

"Нурдстрим- 2", прожаи муштарак миёни ширкати "Газ-Пром"-и Русия ва панҷ ширкати аврупоӣ барои сохти хатти лулаие аст, ки қарор аст гози Русияро аз тариқи обҳои минтақаӣ ё манотиқи иқтисодии инҳисории Русия, Дания, Финляндия, Шветсия ва Олмон ба ин кишвар мунтақил кунад.

Ширкати русии Газ-Пром сохти ин хатти луларо бар уҳда дорад ва дар ин прожа бо ширкатҳои аврупоии Engie, OMV, Shell, Юнипер ва Wintershall ҳамкорӣ мекунад.