Мусавӣ: Арабистон ва Амрико созукорҳои байналмилалиро ба масхара гирифтаанд
(last modified Wed, 17 Jun 2020 12:40:16 GMT )
Июн 17, 2020 17:40 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: Арабистон ва Амрико созукорҳои байналмилалиро ба масхара гирифтаанд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо интиқод аз таъсирпазирии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Арабистони Саудӣ бо пул ва Амрико бо қулдурмаобӣ, созукорҳои байналмилалиро ба масхара гирифтаанд.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Дабирхонаи Созмони Милали Муттаҳид танҳо чанд рӯз пас аз тарҳи иттиҳомоти беасос зидди Эрон, аз иқдомоти эътилофи саудӣ дар Яман чашмпӯшӣ мекунад, он ҳам бо вуҷуди пазириши ин ки ин эътилоф садҳо кӯдаки яманиро куштааст.

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе эътилофи саудиро аз феҳристи сиёҳи ин созмон, ки марбут ба нақшофаринӣ дар марги кӯдакон ва нақзи ҳуқуқи онон аст, хориҷ кард.

Созмони Милали Муттаҳид октябри 2017 эътилофи саудиро ба далели куштан ва маҷрӯҳ кардани 683 кӯдак дар Яман ва ҳамла ба даҳҳо мадраса ва бемористон, дар ин листи сиёҳ қарор дода буд.

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Яман, аз замони ҳамлаи эътилофи саудӣ ба Яман дар марти 2015 то кунун, ҳафт ҳазору 732 кӯдаки яманӣ дар ҳамалоти эътилофи мутаҷовизи саудӣ кушта ё захмӣ шудаанд ва ду миллиону 500 ҳазор кӯдак дучори норасоии тағзия шудаанд.