Теъдоди беморони “Ковид – 19” дар Эрон аз 200 ҳазор нафар гузашт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i54640-Теъдоди_беморони_Ковид_19_дар_Эрон_аз_200_ҳазор_нафар_гузашт
Бо шиносоии беш аз ду ҳазору 600 бемори ҷадид, шумори беморони “ковид -19” дар Эрон аз 200 ҳазор нафар убур кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 19, 2020 12:12 Asia/Dushanbe

Бо шиносоии беш аз ду ҳазору 600 бемори ҷадид, шумори беморони “ковид -19” дар Эрон аз 200 ҳазор нафар убур кард.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори беморони “ковид -19”  дар Эрон ба хабарнигорон гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 615 бемори ҷадиди “Ковид -19” дар кишвар шиносоӣ шуда, ки 986 маврид бистарӣ шудаанд ва ба бақия беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ гуфт, маҷмӯи беморони “ковид- 19” дар Эрон ба 200 ҳазору 262 нафар расидааст.

Вай афзуд, дар 24 соати гузашта 120 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 9 ҳазору 392 нафар расид.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ёдовар шуд, то кунун 159 ҳазору 192 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, то кунун беш аз як миллиону 370 ҳазор озмоиши ташхиси “Ковид -19” дар Эрон анҷом шудааст.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 8 миллиону шашсад ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 456 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди чаҳор миллиону 552 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.