Омодагии Эрон барои табодули зиндонӣ бо дигар кишварҳо
(last modified 2020-06-19T12:41:39+00:00 )
Июн 19, 2020 17:41 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои табодули зиндонӣ бо дигар кишварҳо

Муовини вазири додгустарии Эрон аз омодагии Теҳрон барои табодули зиндонӣ бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Афғонистон ва Покистон хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Маҳмуди Аббосӣ, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарии Эрон рӯзи ҷумъа бо ишора ба озодии се ҳазор зиндонии Толибон тавассути давлати Афғонистон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон низ омода аст ду ҳазор афғонистонии маҳкум ба ҳабс дар Эронро дар чорчӯби мувофиқатномаи интиқоли маҳкумон ба кишварашон таҳвил диҳад.

Аббосӣ ҳамчунин бо баёни ин ки Эрон омодаи интиқоли зиндониёни покистонӣ ба кишварашон аст, гуфт: “Бо вуҷуди пайгириҳо ва инъикоси мавзуъ ба вазорати умури хориҷа ва вазорати додгустарии Покистон, мутаассифона онҳо то кунун иқдоми хосе анҷом надодаанд ва умедворем ҳарчӣ зудтар барои таҳвил гирифтани зиндониёни худ иқдом кунанд”.

Муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарии Эрон ҳамчунин бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти зиндониёни эронӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфт: “Мутаасифона, зиндониёни мо дар зиндонҳои Иморот аз ҳаддиақалҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла хадамоти консулӣ ва муҳокимаи одилона маҳруманд ва идомаи ин раванд масъулияти ҳуқуқӣ ва байналмилалии давлати Иморотро дучандон мекунад”.