Июн 20, 2020 14:54 Asia/Dushanbe
  • Мӯсавӣ: Қатъномаи Шӯрои ҳоким як талабкории сиёсӣ аст

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҷумъашаб тасвиби қатъномаи зиддиэронӣ дар Шӯрои ҳокими Агентии байналмилалии энергияи атомиро ғайрисозанда ва ғайриқобили пазириш хонд.

Сайидаббоси Мӯсавӣ бо радди комили қатъномаи сиёсӣ ва ғайрифаннии Шӯрои ҳокими Агентии байналмилалии энергияи атомӣ тасреҳ кард, дар ҳоле, ки Ҷумҳурии исломии Эрон болотарин сатҳ аз ҳамкориро бо Агентӣ доштааст, судури қатъномаи Шӯрои ҳоким иқдоме ғайрисозанда ва маъюскунанда аст.

Мӯсавӣ бузургнамоии дархостҳои Агентӣ тавассути бархе давлатҳо ва дар раъси он, Амрико, дар ҳоле, ки асос ва мабнои чунин дархостҳое аз сӯи Агентӣ зери суол аст, аз талоши ошкоре барои як бӯҳронофаринии ҷадид бар сари роҳи ҳамкориҳои Эрон ва Агентӣ унвон кард.

Вай ҳамчунин афзуд: Масъулияти танишофаринӣ дар равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва Агентӣ бар ӯҳдаи бониёни ин қатънома аст.