Хуршедгирифтагии 21-уми июн дар осмони Эрон
Бо оғози фасли тобистон, имрӯз осмони Эрон ҳамчун бисёре дигар аз минтақаи ҷаҳон шоҳиди хуршедгирифтагӣ (кусуф) аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, падидаи хуршедгирифтагӣ ҳудуди соати 9:04 бомдод ба вақти Теҳрон оғоз шудааст ва то соати 11:37 дар ағлаби минтақаҳои Эрон идома хоҳад дошт.
Ин хуршедгирифтагӣ аз маркази Африқо оғоз шуда ва бо убур аз осмони Яман, Уммон ва Эрон, ба самти Покистон, Ҳинд, Чин ва уқиёнуси Ором ҳаракат мекунад.
Кусуф ё хуршедгирифтагӣ ҳангоме рух медиҳад, ки сояи моҳ бар бахше аз замин биафтад ва дар натиҷа дар қисматҳое аз кураи замин, қурси моҳ қисмате аз қурси хуршед ё тамомии онро аз диди нозири заминӣ бипушонад.
Алоқамандон метавонанд хуршедгирифтагӣ дар осмони Эронро аз Шабакаи чаҳори садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба адреси "https://tv4.ir/live" ба таври зинда мушоҳида кунанд.